Рӯзи дарҳои кушод

     Дар айни ҳол лоиҳаи «Пешбурди таҳсилоти калонсолон дар Осиё», ки аз тарафи Намояндагии Институти ҳамкории Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон маблаггузорй шудааст, дар шахри Гулистон амалй гардида истодааст. Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа дар шаҳри гулистон маркази таълимии ҷомеаи маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуд.
     2 июн аз соати 15:00 то 18:00 Маркази таълимии ҷомеаи маҳаллӣ (МТҶМ)-и шаҳри Гулистон дар якҷоягӣ бо Ҳукумати шаҳр, DVV Intrnational дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТҶ «Саодат» ва Маркази таҳсилоти калонсолони ноҳияи Б.Ғафуров рӯзи дарҳои кушодро баргузор намуда, дар он нақша дорад, ки аҳолии маҳалро бо фаъолияти МТҶМ шинос намояд ва дарсҳои маҳорат, намоишгоҳ ва ярмарка баргузор намояд.
     Мақсад аз баргузории чорабинӣ ин маълумот додани муҳити манфиатдор дар бораи фаъолияти МТҶМ ва ҷалби таваҷҷӯҳи аҳолии маҳаллӣ ба талабот ба таҳсилоти иловагӣ барои гирифтани малакаҳои касбӣ ва ҳаётӣ мебошад.
     Марказ расонидани хадамоти таҳсилоти иловагӣ ва касбиро ба одамони синну соли гуногун таъмин менамояд, то ки онҳо дорои дониш ва малакаҳои амалӣ барои баланд бардоштани сифати зиндагӣ дар шароити тағйирёбандаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта бошанд.
     Макони баргузории чорабинӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Гулистон, кӯчаи истиқлол 74. Аз дидори шумо дар чорабинӣ хушҳол хоҳем шуд!


Асосӣ | Чорабиниҳо